Шартнома – пешниҳод

«Дар бораи иштирок дар кастинги Лоихаи байналхалқие «Central Asia's Got Talent»

 

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Шартнома – пешниҳод «Дар борае иштирок дар кастинги Лоихаи байналхалқие «Central Asia's Got Talent» (дар мобади матн – “Шартнома”шартҳову тартиби ирояи дархост барои иштирок дар кастинг барои иштирок дар озмуни лоиҳаи байналхалқие «Central Asia's Got Talent» (дар мобади матн – “Озмун”) ки, аз тарафи ҶДММ «Telemasters.kz» Ҷумҳурие Қозоғистон (дар мобади матн “Ҳамоҳангкунанда”)  гузаронида мешавад, мувофиқи моддаи 395 Кодекси Граждание Ҷумҳурие Қозоғистон пишнеҳоди умумие Ҳамоҳангкунандае лоиҳа ба шахсҳои воқеӣ (дар мобади матн – Иштирокчиҳо) мебошад ки, барои онҳо имкон медиҳад бо риояти шартҳои Шартнома дар кастинг иштирок кунанд.

1.2. Агар дар матни Шартнома якҷоя ҳам Ҳамоҳангкунанда ва ҳам Иштироккунанда дар назар гирифта шавад Тарафҳо ва ҳар кадом ба таври ҷӯдогона Тараф номида мешаванд.

 1.3.Ҳар Тарафе барои Тарафе дигар кафолат мекунад ки аз ҳуқуқ ва салоҳияту мукаллафияти зарурӣ ҷҳати бастан ва иҷро кардани Шартнома мутобиқи бо шартҳои онро доро мебошад.

 1.4.Матни амалкунандаи Шартнома дар адреси “www.centralasiagottalent.com” сайти Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа доиман дар дастрас буда Иштироккунанда вазифадор мебошад то лаҳзаи анҷоми аксепте бо он ошно шавад.

  1.5. Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа ҳақ дорад ба таври яктарафа мухавои Шартномаро тағъир диҳад. Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа метавонад тағъирот дар Шартномаро бидуни огоҳонидани қаблие Иштироккунанда баамал оварад. Тағъироте ки дар Шартнома анҷом гирифта аст, аз лаҳзаи нашри онҳо дар адреси доимӣ Шартнома эътибори қонунӣ касб мекунад.

1.6.Адреси гузарондани кастинги Озмун Ҷумҳурие Қозоғистон, Ҷумҳурие Ӯзбекистон, Ҷумҳурие Қирғизистон, Ҷумҳурие Тоҷикистон буда суроғаи почтагие почтаи электроникие кастинги Озмун (дар мобаъди матн – Суроға) «centralasiagottallent@gmail.com» мебошад.

 

2. Истилоҳот ва шохесҳои муайян кунанда ки, дар Шартнома истифода шудааст

Ташкилдиҳандагони лоиҳа – Телеканал “ХАБАР” (Ҷумҳурие Қозоғистон), ҶДММ «Telemasters.kz» (Ҷумҳурие Қозоғистон), “ЗОР ТВ” (Ҷумҳурие Ӯзбекистон), “КТРК” (Ҷумҳурие Қирғизистон), “САФИНА” (Ҷумҳурие Тоҷикистон).

Иштироккунанда – иштироккунандаи кастинги Озмун:

1) Шахсе ки ба синни ҳаждаҳ сол расидааст

2) Шахсе ки ба синни ҳаждаҳ сол нарасида аст, фақат бо ҳамроҳии волидайн ё қаюми қонуни ё  шазсе дигар ки манфиатҳои қонунии шахси ба синни ҳаждаҳ нарасидаро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Қозоғистон ҳимоят мекунад ва масъулият барои иштироки ӯ дар кастинги Озмун ва ҳамчунин мутобиқати мухтавои ҳуҷҷатҳо бо қонунҳои Ҷумҳурияти Қозоғистонро ба уҳда мигирад, метавонад иштирок кунад.

Сайт – мажмуъи барномаӣ ва дастгоҳӣ аст ки, тамоми иттилооти расмии катинги Озмун дар он ҷо додашуда аст.

 

3. Мавзуъи шартнома

3.1.Шартнома шароит ва тартиби додану гирифтану,кор карда баромадан бо  дархостҳо барои иштирок дар кастингиОзмуни Ҳамоҳангкунандаро муайян мекунад. Додани дархост барои иштирок дар кастингиОзмун ва иштирок дар он ихтиёрӣ ва бепул мебошад.

3.2. Ҳар шахси воқеъӣ бидуни маҳдуд кардани синн ки дар қаламрави Чумҳурии Қозоғистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунад, метавонад иштироккунандаи кастинги Озмун шавад.

3.3. Забони расмии кастинги Озмун - забони русӣ мебошад

3.4. Мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар кастинги Озмун аз 1 апрел то 30 июни соли 2019 аст.

3.5. Материалҳое ки иштироккунандаҳо ба кастинги Озмун фиристодаанд таҳри намешавад арзёбӣ намегардад ва бароионҳо баргардонида намешавад.

3.6. Пахши иттилоот дар бораи тамоми ҳодисаҳои марбут ба гузарондани кастинги Озмун барои иштироккунандаҳо аз тариқи Сайт ба амал меояд.  Ҷо додани ҳар гуна иттилооти расмӣ дар Сайт тартиби расмии пахши иттилоот маҳсуб мешавад. Аз лаҳзаи ҷо додани иттилоот дар Сайт ҳамаи иштироккунадагон огоҳшуда аз иттилоъ маҳсуб мешаванд.

3.7. Ҳар иштироккунанда қабул мекунад ки иштирок дар кастинг ихтиёрӣ аст ва Ҳамоҳангкунандаи Озмун масъули муҳтавои материалҳои фиристода шуда набуда ҳич натиҷаи виже аз иштирок дар кастинг, ва/ё истифода аз сайти озмун ва/ё сервисҳои онро наметавонад кафолат кунад ва кафолат намекунад.

3.8. Ҳамоҳангкунандаи озмун ҳақ дорад аз ҳар иштироккунандаи кастинги Озмун аз ҳар шахсе ки аз тариқи каналҳои телекоммуникасионӣ ё каналҳои дигар ба комитети ташкилӣ муроҷаат кардааст, санади ташхиси шахсият, суроғаи қайд, суроғаи аниқи почта ва дигар санаду иттилоотро ки барои риояти қонунҳои Ҷумҳурии Қозоғистон лозим аст ва/ё барои ташкилу гузарондани кастинги Озмун лозим хоҳад буд, талаб кунад.

3.9. Иштироккунанда тааҳҳуд мекунад ҳақ муаллифии ашхоси сеюмро вайрон накунад.

3.10. Бобати вайрон кардани тартиби иштирок дар кастинг ки дар Шартнома қайд шудааст, ё инки бобати риоя накардани қонунҳои ҷорӣ иштироккунандаро дар ҳар марҳилаи кастинг бидуни ирояи санади тасдиқкунанда аз иштирок дар кастинг хориҷ кунанд.

3.11. Асосҳое барои хорҷ кардани иштироккунанда аз кастинг:

· вайрон кардани қоидаҳои иштирок дар кастинги Озмун;

· ироя накардани материалҳо ба тартиб ва мӯҳлатҳои қайдшуда дар Шартнома ва дар Сайт.

 

4. Ироя, расидагӣ ба аризаи озмун

4.1. Иштироккунанда дар ҳангоми пур кардани ариза барои иштирок дар кастинг вазифадор хоҳад буд иттилооти зирро ироя диҳад:

4.4.1. Номи кишваре ки, дар он иқомат мекунад;

4.4.2. Синни Иштироккунанда;

4.4.3. Исм ва фамилияи Иштироккунанда;

4.4.4. Шумораи телефони тамос;

4.4.5. Материалҳои видео/фото/аудио.

4.2.Ариза барои иштирок дар кастинги Озмун фақат дар сурати пур будани ҳамаи нуктаҳо ва замима будани видео/фото/аудио материалҳо қабул мешавад.

4.3. Ариза барои иштирок дар кастинг метавонад ба василаи онлайн чат дар мессенджерҳои What’app, Telegram, Viber ва шабаҳои иҷтиӣоии Facebook, Instagram, Vkontakte, ё ба почтаи электроникии centralasiagottalent@gmail.com фиристода шавад.

4.4. Додани дархост барои иштирок дар кастинг бепул аст.

4.5. Дархост барои иштироки шахсе ғайри болиғ дар кастингро аз тарафи ӯ волидайн ё инки намояндаи қонунии вай пур карда мешавад. Дар дархост бояд мушаххасаҳои иштироккунандаи ғайри болиғ нишон дода шавад. Тамоми масъулиятҳо барои материаҳо ва барои иштироки шахсе ғайри болиғ ба уҳдаи волидай ё намояндаи қонунии ҳамон шахс мебошад.

 

5. Расидагӣ ба дархостҳо

5.1. Ҳамаи видео/фото/аудио материалҳо дар як базаи воҳид якҷоя бо иттилооти тамос бо иштироккунадаҳои ариза ирсол карда ҷо дода мешавад.

5.2. Ба базаи ягона фақат дастаи махсуси кастинг, дастаи продюсерҳои (ҳар чаҳор кишвари иштироккунанда) ҳамчунин дастаи махсуси сервиси техники «Reditus» ҶДММ дастраси дорад.

5.3. Ҳамаи материалҳо дар сервери сервиси техникии «Reditus» ҶДММ барои муддати маҳдуд нашуда нигоҳдорӣ мешавад.

5.4. Материалҳои фиристодашуда барои кастинг баргардонида намешавад.

5.5. Ҳамоҳангкунандагони лоиҳа кафолат мекунанд ки материалҳои фирстодашуда барои истифода дар кастинг аз тарафи шахсҳои сеюм истифода намешавад.

 

6. Тафтиши аризаҳои иштирок дар кастинг

6.1. Ҳамоҳангкунандагони лоиҳа ҳаққи интихоби ихтиёрии дархости иштироккунандаи муаййани кастингро пиши худ маҳфуз мекунанд.

6.2. Он ки Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа вазифадор шавад статуси дархости иштироккунандаро барои ӯ эълом кунад дар ин лоиҳа пишбини нашуда аст.

6.3. Агар ҳамоҳангкунадаи лоиҳа нисбат ба иштрокчи рағат пайдо кунад, огоҳ намояндаи у бо иштироккунандаи мавриди назар тамос барқарор мекунад ва иқдомҳои баъдӣ ро ки бояд анҷом дода шавад ҳамчунин иттилооти лозим барои иштирок у дар марҳилаи баъдиро мегирад.

6.4. Қабули дархост барои гузаштан аз кастинги Озмун иштироки иштироккунанда дар турҳои баъдиро кафолат намекунад.

 

7. Тартиби бастан ва мӯҳлати амали Шартнома

7.1. Шартнома бани Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа ва Иштироккунанда башакли шартномаи илҳоқ моддаи 396-399 Кодекси граждании Ҷумҳурии Қозоғистон) баста мешавад.

7.2. Анҷоми ақалан яке ҳаракоти зирин аксепти шартҳои Шартнома маҳсуб мешавад:

- пур кардани шаклҳои қайд дар сайти Ҳамоҳангкунандаҳои лоиҳа;

- ошно шудан бо шартҳои Шартнома ва аломати ризоият гузоштан дар нуктаи марбутаи шакли қайд.

7.3. Аксепти шартҳои Шартнома маънои қабули комил ва бидуни қайдушарти тамоми шартҳои шартнома аз тарафи иштироккунандаро дорад ва қувваи баробар бо шартномаи дутарафаи хаттӣ дар хусуси иштирок дар кастингро дорад.

7.4. Мӯҳлати амали аксепти Шартнома маҳдуд нашуда аст.

7.5. Шартнома барои муддати номаҳдуд баста шудааст.

 

8. Анҷоми тағъирот ва хатми Шартнома

8.1. Тарафҳо мувофиқат карданд ки Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа ҳақ дорад шартҳои Шартномаро тағъир диҳад. Тағъироте ки Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа дар Шартнома анҷом медиҳад агар Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа шарт дигарро дар назар надорад аз лаҳзаи ҷо додани он дар Сайт барои ҳар ду тараф лозим ба иҷро хоҳад шуд.

8.2. Дар сурати норози будан бо тағъирот анҷом гирифта дар матни Шартнома Иштироккунанда ҳақ дорад дар давоми се рузи тақвимӣ пас ҷо додани он дар Сайти Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа ба таври як тарафа аз иҷрои он худдорӣ кунад ва асли имзо шудаи Шартномаи коғазиро ба шакли муқаррар ба Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа пас диҳад.

8.3. Агар Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа огоҳиномаи хаттии Иштироккунанда дар хусуси радди яктарафаи иҷрои Шартномаро дар мӯҳлати муқаррар дар банди 8.2 дарёфт накунад, онгоҳ аз ҷониби Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа талаққӣ мешавад ки Иштироккунанда ба тағъироти аҷомшуда дар Шартнома рози шудааст.

8.4. Худдорӣ аз иҷрои Шартнома, лағви Шартнома, хатми амалкарди Шартнома ба далелҳои дигар қатъ шудани иштироки Иштироккунанда дар кастингро ба бор меоварад.

8.5. Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа ҳақ дорад бо ирсоли огоҳиномаи марбута ба Иштироккунанда ба ҳар шакли баназар гирифта шуда дар Шартнома ба таври яктарафа аз иҷрои Шартнома худдорӣ кунад. Дар чунин маврид пас аз мӯҳлати 15 (понздаҳ) рӯзи тақвимӣ баъд аз ирсоли огоҳинома Шартнома лағвшуда талаққӣ мешавад.

 

9. Масъулияти Тарафҳо

9.1. Тарафҳа дар сурати иҷрои номуносиби вазифаҳои худ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Қозоғистон ва шароити мундареҷ дар Шартнома масъулият хоҳанд дошт.

9.2. Ҳамоҳангкунандаҳои лоиҳа дар ҳангоми қабул-расмӣ кардани дархостҳои Иштироккунандаҳо дар баробари нуқсонҳои техникии система масъулият нахоҳад дошт.  Дар чунин мавридҳо нуқсонҳои техникӣ вазъияти форс-мажор маҳсуб мешавад. .

9.3. Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа дар мавридҳои зирин масъулият надорад:

9.3.1. бобати нуқсон дар кори почта, Интернет, шабакаҳои иртиботӣ, нуқсонҳои техникӣ (қатъ шудан/харобии шабакаи барқ ва иртибот, аз кор афтидани нармафзорҳои маркази просессинг), нгирифтан ё бамавқеъ нагирифтани номаҳои Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа аз тарафи Иштироккунанда ба далели нуқсон др кори система;

9.3.2. агар иттилооти марбут ба шахси Иштироккунанда дар ҳангоми интиқоли иттилоот бадалели техникӣ барои шахсҳои бегона ошкор шавад;

9.3.3. агар иттилооти марбут ба шахси Иштироккунанда дар натиҷаи риоя накардани иштироккунанда ба қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифода аз иттилооти шахси ба бегонаҳо ошкор шавад;

9.3.4. ба хотири муваққатан дастраси надоштани Иштироккунанда ба воситаҳои иртибот ки равобити байни Ҳамоҳанг кунанда ва Иштироккунадаро таъмин мекунад ва ҳамчунин дар баробари хисороти Иштироккунанда ки ба ин далел ба ӯ расидааст;

9.3.5. дар баробари хисорати молӣ ки иштироккунанда дар натиҷаи пур кардани нодурусти дархости иштирок дар кастинг ба ӯ расида аст;

9.3.6. дар баробари хисоратҳое ки иштироккунанда ба далели ирояи иттилооти нодурусту носаҳеҳ барои ирсоли огоҳинома ба но мувоҷеҳ шудааст;

9.3.7. дар баробари хисорот ки Иштироккунанда ба далели ирояи иттилооти нодурусти идентификасионӣ ба он мувоҷиҳ шудааст;

9.3.8.  дар баробари хисорот ки Иштироккунанда дар натиҷаи ирсоли иттилоот барои фиристодани огоҳинома ба он мувоҷиҳ шудааст.

9.4. Агар иҷро нашудан ё иҷрои нокомили вазифаҳои Шартномавии Тарафҳо ба далели бурузи қувваи ғайри қобили гузар яъне бо пешомадани вазъиятҳои фавқулода аз ҷумла бо пешомади офоти табиӣ, ҳаракоти ҷангӣ ва мабни бар санадҳои органи қудрат марбут шавад  Тарафҳо аз масъулиятҳои молию мулкӣ муоф (озод) хоҳанд буд. Дар сурати пеш омади чунин вазъият Тараф бояд дар давоми 5 (панҷ) рӯз пас аз вуқуъ вазиятро ба василаи хабари хаттӣ ба иттилоъи Тарафи муқобил расонад ва ғайри қобили имкон будани иҷрои вазифаҳои худро эълом кунад

9.5. Ҳамоҳангкунандаҳои лоиҳа барои додани иттилооти носаҳиҳ ва/ё иштибоҳӣ аз тарафи иштироккунандаҳои кастинг дар дархостҳо ҳеч масъулияте надорад. Тамоми масъулииятҳо барои додани иттилооти нодуруст ба уҳдаи худи иштироккунанда хоҳад буд.

9.6. Барои иштироккунанда фиристодани ба суроғаи контенти Ҳамоҳангкунандаҳои лоиҳа ва хабархои СПАМ қатъан мамнуъ аст. Дар сурати вайрон кардани нуктаи мазкур иштироккунанда блокида шуда ва барои ӯ иштирок дар кастинги Озмун манъ хоҳад шуд.

9.7. Дар мавридҳои ирсоли мариалҳои дорои хусусияти 18+, порнография, тарғиб кунадаи террорисм,  дорои хусусияти сиёсӣ, динӣ ки ба бренди компания садама мерасонад ё сирри тиҷорати маҳсуб мешаванд ва ҳамчунин дар сурати вайрон кардани қонун ба тариқи дигар, Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа ҳаққи фиристодани мушаххасоти иштироккунанда ба органҳои ҳуқуқиро пеши худ маҳфуз хоҳад кард.

 

10. Пардохт

10.1. Тарафҳо мувофиқ ҳастанд ки иштирок дар кастинг бепул аст.

10.2. Тарафҳо мувофиқ ҳастанд ки иштироккунанда барои иштирок дар кастинги Озмун ва Ҳамошангкунандаҳои лоиҳа барои иштироки худ дар кастинг, бобати додани дархост/иштирок дар кастинги Озмун маблағе пардохт намекунанд

 

11. Қоидаҳои дигар

11.1. Иштироккунанда кафолат мекунад ки тамоми шартҳои Шартнома барояш мафҳум аст ва ӯ онҳоро бидуне қайду шарт ва батаври комил қабул мекунад.

11.2. Иштирок кунанда кафолат медиҳад ки кастингиОзмунро барои мақсадҳои ғайреқонунӣ истифода накунад ва аз он бароимақсадҳое ғайр ҷуз мақсадҳои гуфташуда дар Шартнома истифода накунад.

11.3. Вақти анҷоми ҳар гуна амале аз тарафи Иштироккунанда ба шарти барқарор нашудани тартиботи дигар, замони қайдшуда ба вақти шаҳри Нур Султони Ҷумҳурии Қозоғистон хоҳад буд ки ба воситаи додаҳои сабтшуда дар серверҳои Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа нишон дода шудааст.

11.4. Нисбат ба муносиботи Тарафайн дар чаҳорчуби Шартнома, бо сарфи назар аз шаҳрвандӣ ва маҳаллм истиқомати иштироккунанда, ҳуқуқи модӣ ва мурофиавии Ҷумҳурии Қозоғистон татбиқ мешавад.

 

12. Маълумоти оиди Ҳамоҳангкунандаи лоиҳа

 

Номи комил  Товарищество с ограниченной ответственностью "Telemasters.kz"

Гувоҳинмаи қонунан сабт будани шахси ҳуқуқӣ Регистрирующий орган: Управление юстиции Медеуского района Департамента юстиции города Алматы

 

Дата регистрации: 23 декабря 2015 года

БИН 151240019228

Суроғаи ҳуқуқӣ 050051, Республика Казахстан, г. Алматы, пр. Абылай хана, д.141, каб.312

Суроғаи почтаи электронӣ smm@telemasters.kz